ҲАМОИШИ НАМОЯНДАГОНИ КБСС ВА ҶҲА
Душанбе, 18 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Моҳи марти соли равон дар Душанбе мулоқоти сарони Кумитаҳои байналмилалии Салиби Сурхи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва котибони генералии ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад». Дар ин хусус Ив Арнолдӣ сарвари намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар мулоқоташ бо Амиршо Миралиев муовини аввали Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки баргузории ин мулоқот ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавии Кумитаҳои байналмилалии Салиби Сурх ва ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари кишварҳои Осиёи Марказӣ такони ҷиддӣ хоҳад дод. Бояд зикр кард, ки ин ниҳод дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон, бахусус дар Рашту Бадахшон барномаҳои худро амалӣ карда, корҳои муҳимро ба анҷом расонидааст. Ба андешаи Ив Арнолдӣ Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказй барои мо як кишвари хеле бонуфуз маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, мо барномаҳоямонро бо таваҷҷӯҳ ба эҳтиёҷоти ин кишвар таҳия менамоем ва ин барномаҳо доимо аз сӯи Ҳукумати Тоҷикистон дастгирӣ меёбанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






