ҲАВЗИ ШИНОВАРӢ ДАР СУҒД

Январь 7, 2011 14:43

Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). —  Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сохтмони 200 иншооти ҷашнӣ босуръат ҷараён дорад, ки маҷмааи варзишии ҳавзи шиноварии шаҳри Ҳуҷанд аз ҷумлаи онҳост. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 6 январ раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва иштирок дар маросими гузоштани пояи асосии иншооти варзишӣ ба ин мавзеъ ташриф овард. Маҷмааи ҳавзи шиноварӣ дар соҳили рости дарёи Сир, дар шафати варзишгоҳи «20 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бунёд гардида, дар сурати мавриди истифода қарор гирифтан, на танҳо чун макони варзишӣ, балки чун мавзеи истироҳатӣ ба маркази вилоят ҳусни тоза мебахшад. Ин маҷмааи варзишӣ бо усули замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналхалқии варзиш бунёд гардида, дорои  се ҳавзи шиноварӣ  хоҳад буд. Аз ҷумла, ҳавзи шиноварии бачагона, ҳавз барои машқу тармим ва ҳавзи асосии мутобиқ ба стандартҳои байналмиллалӣ барои гузаронидани чорабиниҳои бузурги варзишӣ. Маблағгузории иншоот аз буҷети давлатӣ сурат гирифта, сохтмони он ба ӯҳдаи ширкати хитоии Сюан — Юан вогузор шудааст. Ҳачунин, раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонии маҷмааи фаввораҳо дидан намуд. Маҷмааи фаввораҳо дар масоҳати 3,6 гектар бунёд гардида, барои сокинон ва меҳмонони маркази вилоят чун макони фароғату истироҳат хизмат менамояд. Дар он барномаҳои фароғатӣ намоиш дода мешаванд.

Январь 7, 2011 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд