ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИ ДАР МАРКАЗИ ДИҚҚАТИ ДАВЛАТ

Январь 19, 2011 11:37

 Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). —  Яке аз ҳадафҳои асосии давлат дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону маъюбон, пирони бесаробон ва оилаҳои камбизоат мебошад. Ин нуқтаро  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2010 ва вазифаҳо барои соли 2011 иброз дошт. Сарвари давлат зикр намуд, ки сол ба сол хусусияти иҷтимоии буҷет тақвият ёфта, маблағгузории он меафзояд. Соли ҷорӣ ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии бошандагони хона — интернатҳои маъюбону ятимон ва пиронсолони бесаробонмонда дар буҷети давлатӣ 13 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст, ки ба ҳар як нафар дар як сол 8600 сомонӣ ва дар як моҳ 715 сомонӣ рост меояд. Гуфтанист, ки ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбону ятимон, пиронсолони бесаробон ва оилаҳои камбизоат ҳамеша дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, дар баробари ин ба ташкилоту муассисаҳо, ширкату корхонаҳо, хусусан мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ супориш дода шудааст, ки ба онҳо доим кӯмаки моддӣ расонанд ва дар ҳалли мушкилоташон ҳамеша мусоидат намоянд.

Январь 19, 2011 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад