ҲИМОЯИ ҲУҚУҚҲОИ БОНУВОН

Январь 27, 2011 11:07

         Душанбе, 27 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» тағйироту иловаҳо ворид намуд.    Абдуманнон Холиқов муовини вазири адлияи ҷумҳурӣ   зимни тавзеҳи масъалаҳои мазкур гуфт, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонунҳо мукаммал намудани таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.    Зикр шуд, ки ҳадафи дигари пешниҳоди лоиҳаи ин қонунҳо афзоиш ёфтани муроҷиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  аст, ки дар кишварҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд.     Хусусан мӯҳтавои асосии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ҳатмӣ гардонидани бастани аҳдномаи никоҳ, ки яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ва  ё шахси бешаҳрвандӣ бошад, ба шумор рафта, дар ҳифзи ҳуқуқҳои занону бонувони тоҷик нақши муассир мегузорад.

Январь 27, 2011 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад