ҲУШДОР АЗ САФАР БА МИСР
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки вазъияти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср, хусусан пойтахти он – шаҳри Қоҳира ва дигар шаҳрҳои калон мураккаб боқӣ мемонад. Бинобар ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср супориш додаст, то ба мақсади таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар иқомат доранд, чораҳои зарурӣ андешад. Мувофиқи иттилои охирин миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Миср иқомат доранд ва аксари онҳоро донишҷўён ташкил медиҳанд, касе зарар надидааст. Ҳамзамон, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳоло дар Миср қарор доданд, тавсия медиҳад, ки ба хотири амнияташон дар ҷойҳои зисти худ монда, аз гаштугузор дар шаҳр худдорӣ ва аз ҷойҳои ҷамъшавии одамон канораҷуӣ намоянд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки аз саёҳат ва дигар намуди сафарҳо ба Миср то ба эътидол омадани вазъият дар ин кишвар худдорӣ кунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






