ҶАЛАСАИ ХОДИМОНИ ИЛМӢ
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Дирӯз бо ибтикори вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар Пажӯҳишгоҳи меҳнат ҷаласаи ходимони илмӣ баргузор гардид. Мавзӯи асосии нишаст баррасии лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» буд. Директори ин Пажӯҳишгоҳ С. Комилов андешаҳои худро дар мавриди пешниҳоду таклифҳои олимони Пажӯҳишгоҳ нисбат ба лоиҳаи мазкур изҳор намуд. Дастоварди муҳиме, ки Пажӯҳишгоҳ дар соли 2010 комёб гардид, ин нашри монографияи мукаммал дар соҳаи меҳнат аст. Мавриди ёдоварӣ ва боиси ифтихор аст, ки ин ягона монография дар Осиёи Миёна мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






