ҶАСАДҲОИ ҚУРБОНИЁН БА ВАТАН ОВАРДА ШУД

Январь 27, 2011 11:04

Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Ҷасадҳои қурбоншудагони амали террористие, ки 24 январи соли 2011 дар фурудгоҳи Домодедово ба вуқӯъ пайваст, ба ватан оварда шуд. Инҳо ҷасадҳои Ҷабборов Собир Муҳаммадҷонович ва Ҳақназаров Мурод Худойназарович мебошанд, ки тариқи хатсайри №628 Маскав-Душанбе аз фурудгоҳи Домодедово ба воситаи ширкати ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр»  оварда  шуданд.      Кормандони ситоди зудамале, ки дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Русия фаъолият менамояд, кӯмаки зарурии худро сари вақт ба зарардидагони ин амали террористӣ расониданд.  Харҷи пурраи интиқоли ҷасадҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳда гирифтааст. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Русия ба наздикон ва хешу ақрабои фавтидагон бори дигар  изҳори ҳамдардӣ менамояд.  

Январь 27, 2011 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад