ҶАВОНОН- ОЯНДАСОЗИ ФАРДО

Январь 10, 2011 13:36

    Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). – Ҷиҳати такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ дар самти ташаббусҳои хайрхоҳона барои ҷавонон ҳудудан 50 нафар мутахассисон ва ҷавонон ба кишварҳои Белоруссия, Россия, Олмон, Эрон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Украина сафар намуданд, иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов.     Мавсуф афзуд, ки ҷиҳати бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани ҷавонон КВД «Биржаи меҳнатии ҷавонон» дар ҳамкорӣ бо ташкилоту идораҳои дахлдор 12 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва бо мақсади ҷалби корҷӯён дар дохил ва хориҷи кишвар 6 семинар-машварат доир намуд, ки дар натиҷа 3000 нафар ҷавон бо маълумоти зарурӣ фаро гирифта шуданд.     Хамчунин қайд гардид, ки озмун барои дарёфти ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, ҷамъбаст гардид. Ба 6 олими ҷавон барои корҳои илмии шоиста унвонҳои сазовор дода шуд.      Дар асоси нақшаи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 76 чорабинии варзишӣ, аз ҷумла 52 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар байни наврасон ва ҷавонон ва 24 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш баргузор гардид.     Инчунин, варзишгарони тоҷик аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш дар мусобиқаҳои байналмилалӣ , чемпионатҳои ҷаҳонӣ ва Осиё иштирок намуда, соҳиби 219 медал-66 медали тилло, 61 медали нуқра ва 92 медали биринҷӣ гардиданд.    Раиси Кумита қайд намуд, ки рӯйдоди фараҳбахше, ки соли гузашта дар соҳаи варзиш рӯй дод, ин вохӯрии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони кишвар ва собиқадорони соҳа буд, ки он ба ин соҳаи муҳим такони ҷиддӣ бахшид.

Январь 10, 2011 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад