ҶОЙГИРКУНИИ БАРНОМАҲОИ КОМПЮТЕРӢ ДАР СИСТЕМАИ АНДОЗ

Январь 24, 2011 15:19

   Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони ватанӣ (15 январи соли 2010) ва нақшаи чорабиниҳои дахлдор ҷиҳати дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани маъмурикунонии андозбандӣ ва беҳтар намудани муносибатҳои мақомоти андоз бо соҳибкорон бармеояд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, аз январи соли 2011 мавриди амал қарор гирифт.    Тавре аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мавриди амал қарор гирифтани тағйиру иловаҳои нав барои то як дараҷа дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани маъмурикунонии андоз, кам кардани шумораи пардохтҳо ва ҳисоботи андоз бе расонидани таъсири манфӣ ба даромадҳои буҷет, ҷорӣ намудани қабули ҳисоботи андоз дар шакли электронӣ, пешгирӣ намудани пинҳонкунии андозҳо аз ҷониби андозсупорандагон, кам кардани хароҷоти андозсупорандагон ҳангоми пешниҳод намудани эъломияҳои андоз мусоидат карда, имтиёзҳои бесамарро кам менамояд.    Мавриди зикр аст, ки Кумитаи андоз дар бораи тасдиқи «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати мукаммал ва пурра дар тамоми мақомоти ҳудудии андоз амалӣ намудани барномаҳои компютерии системаи иттилоотии андоз — «Бақайдгирии андозсупорандагон», «Бақайдгирии андозҳо», «Андоз аз арзиши иловашуда ва пайгирии ҳисобнома-фактураҳо» ва «Равзанаи ягона» як қатор корҳои муҳимро ба анҷом расонид.

Январь 24, 2011 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад