ҶОНИБДОРИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ БОНК АЗ ЛОИҲА
Суғд, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Равзалӣ Амонов).-Муҳокимаи лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» дар байни намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҷараён дорад. Дар бахши Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк»-и шахри Хуҷанд низ бо иштироки кормандони бонк, ҳуқуқдонҳо, педагогҳо ва аҳли зиё муҳокимаи лоиҳаи қонун сурат гирифт. Кормандони бахши «Амонатбонк»-и шаҳри Хуҷанд натиҷаи фикру андеша ва пешниҳоди худро ба Маркази Миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд. Ба андешаи сарвари бахши мазкур Музаффар Шамсуллоев дастгирӣ ва қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» барои тарбияи фарзандони бонангу номус ва ватанпарвар нақши муҳим дошта, боиси пешрафти ҷомеа мегардад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






