ҶУСТУҶӮИ ШАҲРВАНДОНИ БЕҲУҶҶАТ

Январь 21, 2011 10:09

  Душанбе, 21 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯзҳо дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе амалиёти густурдаи низоми шиносномавӣ идома дорад.  Насрулло Хайруллоев муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки чорбинии мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев «Дар бораи татбиқи чораҳо оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, ба низом даровардани низоми шиносномавию буду боши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе», ки 31 декабри соли 2010 ба тасвиб расида буд, амалӣ гардонида мешавад.  Ҷорӣ намудани низоми шиносномавӣ дар шаҳр ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, таъмини амният ва муайян намудани буду боши шаҳрвандоне, ки бидуни ягон ҳуҷҷати расмӣ дар пойтахт зиндагӣ менамоянд, ба шумор меравад, афзуд, Насрулло Хайруллоев. Инчунин, оқилона истифода бурдани нерӯи барқ, оби ошомиданӣ, гази табиӣ ва дигар хизматрасониҳои коммуналие, ки тавассути хатҳои муҳандисӣ ба шаҳрвандон интиқол дода мешавад, аз ҳадафҳои дигари ин амалиёт аст.  Ҷиҳати амалӣ гардонидани ин тадбир аз ҳисоби роҳбарону намояндагони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ситод созмон дода шудааст, ки роҳбарии онро муовини аввали Раиси шаҳр ба ӯҳда дорад. Дар ин чорабинӣ ҳамзамон, аҳли ҷамоатчигии пойтахт- раисони маҳаллаҳою шаҳракҳо, соҳибмулкони манзил ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардидаанд.  Мӯҳлати гузаронидани амалиёти шиносномавӣ дар қаламрави пойтахт, ки аз 15 январ оғоз гардида буд, то 15 феврали соли 2011 идома меёбад. Аз натиҷаи амалиёти низоми шиносномавӣ то 20 феврал ба унвонии Раиси шаҳр ҳисоботи пурра пешниҳод мегардад. 

Январь 21, 2011 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон