135 ҲАЗОР ГЕКТАР АЗ ОФАТ ҲИФЗ ШУД

Январь 26, 2011 09:05

   Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи барномаи давлатии «Барқарорсозии стансияҳои обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунии ҶТ дар соли 2007 — 2016» 7 адад стансияи обуҳавосанҷӣ, 11 дидбонгоҳи обченкунӣ, 13 стансия ва дидбонгоҳи обченкунии ВМКБ барқарор шуданд,- иброз дошт раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Талбак Салимов дар конфронси матбуотӣ ба хабарнигорон. Мавсуф ҳамчунин иброз намуд, ки ҷиҳати таъмини барномаи «Барқарорсозӣ ва таъмини корҳои зидди ҷолаи ҶТ дар солҳои 2007 — 2012» ба миқдори 4 млн. 800 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, стансияҳои радиолокатсионии ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Ёвон ва Ҷалолиддини Румӣ ба реҷаи худкор (автоматӣ) гузаронида шуданд.   Дар соли 2010 майдони 135 ҳазор гектар замини ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода аз офатҳои табии ҳифз гардид ва аз ин ҳисоб хоҷагиҳои ин ноҳияҳо беш аз 10 млн. сомонӣ маблағ фоидаи иқтисодӣ гирифтанд. Дар соли 2010 ҳамчунин ба чандин мақолаҳои иғвоангези олимони соҳаи экологии давлатҳои ҳамсоя ҷавобҳои илман асосноки олимону мутахассисони соҳа ба табъ расонида шуд,- афзуд раиси кумитаи мазкур.   

Январь 26, 2011 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад