15,1 ФОИЗ АФЗУДАНИ МУЗДИ КОР

Январь 13, 2011 12:31

     Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). – Дирӯз дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ маҷлиси ҷамъбасти сол баргузор гардид. Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ М.Маҳмадаминов иброз дошт, ки тӯли сол 8 лоиҳаи Қонунҳои ҶТ, 1 лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, 5 лоиҳаи Фармонҳои Президенти ҶТ, 10 лоиҳаи Қарорҳои Ҳукумати ҶТ таҳия ва пешниҳод гардид.     М.Маҳмадаминов иброз дошт, ки тибқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани андозаи ҳадди ақали музди мехнат ва нафақа», «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақаҳо ва стипендияҳо» далели дар амал татбиқ гардидани тадбирҳо дар самти дастгирии кормандони соҳаи иҷтимоӣ мебошад.    Дар натиҷа соли 2010 музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии кор, ки ба кормандони кироякор пардохта шуд, 358,99 сомониро ташкил дода, нисбат ба моҳи октябри соли гузашта 15,1 фоиз афзудааст.    Ҳамчунин вазир иброз дошт, ки тайи ин муддат ба мақомоти шуғли аҳолӣ 94 197 нафар шаҳрвандон доир ба масъалаҳои шуғл муроҷиат намуданд, ки аз ин ба 38 591 нафар мақоми бекорӣ дода шуд.         Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар соли 2010 дар давраи баррасишаванда дар маҷмӯъ 32 016 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд, ки 114,1 фоизи нақшаи барномаро ташкил медиҳад. Дар асоси шартномаҳои тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 6645 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 9141 нафар дар марказҳои таълимии мақомоти шуғли аҳолӣ ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуданд.

Январь 13, 2011 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад