37 ҲАЗОРУ 220 МЕТР ХАТИ ҲАВОИИ НЕРӮИ БАРҚ

Январь 10, 2011 13:40

   Турсунзода, 10 январ.(АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Соли сипаригардида барои кормандони ҶСШК «Шабакаҳои барқи Турсунзода» бобарор буд. Маҳз дар ҳамин сол зеристгоҳи «Равшан», ки яке аз калонтарин зеристгоҳҳо дар ҷумҳурӣ аст, бо трансформаторҳои пуриқтидор ва тобовар таъмин гардид. Дар ҳудуди корхона сехи таъмири трансформаторҳо ба фаъолият шурӯъ намуд, чандин биноҳои нав бунёд гардида, шароити кории кормандони шабакаҳои барқӣ беҳтар гардид.    Ғайр аз ин дар ҳудуди шаҳру ноҳия зиёда аз 700 адад симчӯбҳои оҳанию бетонии нав гузошта шуда, қисми дигар иваз шуданд. Панҷ мавзеи муҳоҷирнишин пурра бо симчӯбҳо таъмин гашта, ба он ҷойҳо хати интиқоли барқ кашида шуд. Тавре сармуҳандиси шабакаҳои барқи ноҳияи Турсунзода Олимҷон Лутфиддинов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, аз ҷониби кормандони шабакаи мазкур ба дарозии 37 ҳазору 220 метр хати ҳавоии интиқоли нерӯи барқ кашида шуда устувор гардид.  

Январь 10, 2011 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд