6,8% ФОИЗ АФЗУДАНИ ҲАҶМИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2010-ум ва вазифаҳо барои соли 2011 иброз дошт, ки: «Яке аз роҳҳои асосии пешрафти соҳаи кишоварзӣ беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳои корами обӣ, ташкили истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои мавҷуда, азхуд намудани заминҳои нав ва дар асоси барномаҳои соҳавӣ афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин коркарди ҳарчи бештари он ва дар ниҳояти кор, зиёд гардонидани ҷойҳои нави корӣ мебошад. Вале, мутаассифона, бо вуҷуди чораҳои аз ҷониби мақомоти дахлдор андешидашуда дар аксари шаҳру ноҳияҳо истифодаи замин бо мақсадҳои ғайрикишоварзӣ, аз ҷумла заминҳои обӣ, инчунин лалмӣ ва чарогоҳҳо сол ба сол зиёд шуда истодааст, ки чунин ҳолат боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад». Торафт зиёд шудани майдони заминҳои ҳолати мелиоративиашон бад проблемаи дигари ташвишовари соҳаи кишоварзӣ аст, ки сабаби асосии чунин вазъ ташкили ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ мебошад. Дар соли 2010 дар кишвар зиёда аз 19 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд. Ба ғайр аз ин, дар мамлакат солҳои охир 32 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 24 ҳазор гектар заминҳои обӣ ба заминҳои партов мубаддал гардидаанд», изҳори нигаронӣ намуд Сарвари давлат. Ҷиҳати бартараф намудани камбудиву мушкилоти зикршудаи соҳаи кишоварзӣ ва таъмини рушди устувори он дар соли 2011-ум Сарвари давлат Вазорати кишоварзии кишварро вазифадор намуд, ки якҷо бо Академияи илмҳои кишоварзӣ то ба эътидол овардани кори шабакаҳои обёрӣ ва иншооти гидротехникӣ дар заминҳои холимонда ташхис гузаронида, барои кишти намудҳои мувофиқи зироати кишоварзӣ тавсияҳо пешниҳод намояд. Ёдовар мешавем, ки дар соли 2010 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 9,4 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 2009-ум 6,8 фоиз зиёд мебошад ва бо мақсади дастгирии соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби буҷет тавассути бонкҳо маблағҳои зиёд ҷудо гардид, ки бо истифодаи онҳо барои рушди тамоми соҳаҳои кишоварзӣ як силсила тадбирҳо амалӣ шудаанд. Дар се соли охир дар кишвар зиёда аз 50 корхонаи нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба истифода дода шудааст, ки иқтидори истеҳсолии соҳаҳои коркардро якчанд маротиба афзун менамоянд. Тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати дастгирии соҳаи кишоварзӣ натиҷаҳои дилхоҳ дода истодаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






