6 МИЛЛИОНУ 200 ҲАЗОР СОМОНИИ КВД «ПОЧТАИ ТОҶИК»

Январь 26, 2011 13:35

   Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Дар ҷумҳурӣ теъдоди истифодабарандагони алоқаи барқӣ ба 329 ҳазору 984 муштарӣ ва алоқаи мобилӣ ба 5 миллиону 940 ҳазору 842 муштарӣ расид ва он пайваста афзоиш меёбад. Ин рақам аз забони вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Бобоев зимни нишасти матбуотӣ садо дод.    Миқдори истифодабарандагони фаъоли шабакаи интернет дар ин давра бо назардошти истифодабарандагони хизмати интернетӣ тариқи пайвасти бесим 954 ҳазору 562 нафарро ташкил медиҳад.   Аз ҳамаи намудҳои фаъолият КВД «Почтаи Тоҷик» 6 миллиону 200 ҳазор сомонӣ маблағ ба даст овард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,8 фоиз зиёд мебошад.   Барои нигаҳдории роҳҳои автомобилгард 39475,6 ҳазор сомонӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ маблағгузорӣ шуд, ки дар натиҷа 6741 км роҳи автомобилгард аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. 

Январь 26, 2011 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд