7245 СОМОНӢ ҶАРИМА БАРОИ МАҲСУЛОТИ ҒАЙРИСТАНДАРТӢ
Кӯлоб, 20 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Кормандони раёсати стандартизатсия, сертификатсия, метрология ва нозироти савдои гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб дар давоми як соли сипаригардида дар корхонаву муассиса ва нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 1050 санҷиши давлатӣ гузаронида, камбудиҳои зиёдро ошкор намуда воридкунандагони ин гуна маҳсулотро ба маблағи 7245 сомонӣ ҷарима бастанд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори раёсати мазкур Рустам Неъматов. Ӯ афзуд, ки дар ин давра аз тарафи шӯъбаи назорати стандарт ва сифати маҳсулот 1205 ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ гузаронида шуда, 118 ҳолати маҳсулоти санҷидашуда ғайристандартӣ дониста шуд. Гуфта мешавад дар ин давра 521 кг маҳсулоти қаннодӣ, 375 кг макарон, 49 литр машрубот, 1311 кг чой, 113 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 1,5 кг шарбати тези помидорӣ, 200 кг орд, 1600 қуттии шартӣ консерваи сабзавотӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум ғайристандартӣ дониста шуда, фурӯши онҳо манъ гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






