74 КОРХОНА ИНШООТИ ИСТЕҲСОЛИИ ХАТАРНОК ДОРАНД
Душанбе, 15 январ (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева)- Барои наандешидани чораҳои лозимӣ оид ба пешгирӣ ва сар назадани ҳодисаҳои нохуш дар иншооти истеҳсолии хатарнок ба 74 роҳбари корхона нишондод оид ба қатъ гардонидани фаъолият пешкаш гардид. Аз ҷумла ба ҶДММ «Энергострой ЛТД», корхонаи хусусии истеҳсоли хишти ноҳияи Файзобод, ҶДММ «Мовароуннаҳр», ҶДММ «Фулузот», ҶСШК «Шабакаҳои барқии ҷанубӣ»-и ноҳияи Ваҳдат, КВД ИИ «Тоҷиктекстилмаш», ҶДММ «Петролиум Суғд», ҶСК «Зафарободгаз»-и ноҳияи Зафаробод, ҶСШК «Шабакаҳои барқии ҷанубӣ» шаҳри Қурғонтеппа, ҶДММ «Баҳор», ҶСК «Шабакаи барқии Данғара». Дар ин бора дирӯз дар нишасти матбуотӣ директори саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаҳои қӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ Мурод Ҷумаев иттилоъ дод. Дар рафти гузаронидани назоратҳои техникӣ 77 нафар шахсони мансабдори корхонаҳои ҷумҳурӣ барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, шахсони ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ дода тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима шуданд. Маблағи умумии ҷарима 35534 сомониро ташкил дод.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






