АФЗОИШИ ДАРОМАДИ БУҶА АЗ ФУРӮШИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҷиҳати истифодаи самаранок ва идораи мақсадноки амволи давлатӣ дар соли 2010 аз ҳисоби хусусигардонии моликияти ҷумҳуриявӣ 31,1 млн. сомонӣ, иҷораи амволи давлатӣ 4,5 млн. сомонӣ, суди саҳмияҳои давлатӣ 1,05 млн. сомонӣ ва даромадҳои дигар 0,11 млн. сомонӣ, ҷамъ 36,75 млн. сомонӣ маблағ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2009-ум 18,3 млн. сомонӣ ё ин ки ду баробар зиёд мебошад. Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мувофиқи маълумоти расмии оморӣ дар соли ҷорӣ теъдоди шахсони ҳуқуқӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 12107 адад ва соҳибкорони инфиродӣ 90461 ададро ташкил дод. Таҳлили нишондиҳандаҳо собит месозад, ки шумораи зиёди соҳибкорон дар ҳудуди шаҳрҳои азим ва минтақаҳои нисбатан рушдёфта фаъолият доранд, аз ҷумла ба шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд қариб 50 фоиз соҳибкорони инфиродӣ ва 65 фоиз шахсони ҳуқуқӣ рост меоянд. Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ соли ҷорӣ теъдоди шахсони ҳуқуқӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 12107 адад ва соҳибкорони инфиродӣ 90461 ададро ташкил медиҳад. Таҳлили нишондиҳандаҳо собит месозад, ки шумораи зиёди соҳибкорон дар ҳудуди шаҳрҳои азим ва минтақаҳои нисбатан рушдёфта фаъолият доранд. Аз ҷумла, ба шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд қариб 50 фоиз соҳибкорони инфиродӣ ва 65 фоиз шахсони ҳуқуқӣ рост меояд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






