АНДОЗСУПОРАНДАГОНИ БЕҲТАРИН МУАЙЯН ГАШТАНД

Январь 14, 2011 14:55

   Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Таҳлилҳои гузаронидаи мутахассисони Кумитаи андоз дар соли 2010 дар байни андозсупорандагон нишон медиҳанд, ки баъзе соҳибкорон шароити кунунии Тоҷикистонро ҳамчун марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ хуб дарк намуда, дар ҷамъоварии андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ҳисса мегузоранд. Бо мақсади рӯҳбаланд намудани чунин андозсупорандагон ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги андозсупории онҳо фармони раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муайян кардани андозсупорандаи беҳтарини соли 2010 ба тасвиб расид. Дар асоси фармони зикршуда комиссияи махсус таъсис шуд. Бо риояи талаботи меъёрҳои муқарраршудаи фармони мазкур аз ҷониби комиссия Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Индиго Тоҷикистон», Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» ва корхонаи муштараки «Зарафшон» ҳамчун андозсупорандагони беҳтарини соли 2010 интихоб гардиданд.       Инчунин бо мақсади ҳавасманд гардонидани кормандони соҳа ва хулосаи комиссия дар соли сипаргашта «Беҳтарин нозири андози сол» низ муайян шуда, 12 нафар нозирон аз мақомоти андоз бо маҳорати кордониву савияи баланди дониши соҳавӣ ҳамчун беҳтарин нозири андози соли 2010 бо шаҳодатномаи Кумитаи андоз сарфароз гардонида шуданд. 

Январь 14, 2011 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд