БӮРЁКӮБОН ИДОМА ДОРАД

Январь 7, 2011 10:03

Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар шаҳраки нави «Пахтакор» — и ноҳияи Восеъ 50 хонаи нав ба истифода дода шуд. Дар моҳи декабр кӯчонидани аҳолии деҳаи Даҳаначӣ ба хонаҳои навбунёд, ки бар асари ҳодисаҳои табиии соли 2010 хисороти зиёд дида буданд, дар асоси суннатҳои мардумӣ сурат гирифт.    Боиси ёдоварист, ки соли сипаришуда дар натиҷаи селу обхезӣ ноҳияҳои Восеъ, Мӯъминобод, Ховалинг, Темурмалик, Балҷувон ва маҳаллаҳои Чармгарони Поён, Суғдиён, Нонвои Поён ва Кӯҳнашаҳри шаҳри Кӯлоб   зарари калон диданд, ки дар натиҷа беш аз 800 оила бесарпаноҳ монд.    Бино ба иттилои Кумитаи   ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ  дар минтақаи Кӯлоб то моҳи январи соли ҷорӣ 83 хона дар ноҳияи Восеъ, 10 хона дар ноҳияи Мӯъминобод, 13 хона дар ноҳияи Шӯрообод, 3 хона  дар Ховалинг, 4 хона дар ноҳияи Темурмалик, 8 – то дар Балҷувон ба истифода дода шуд. Қобили зикр аст, ки  аз 616 хонаи дар 6 қитъа замини барои сохтмон ҷудо  гардидаи  шаҳри Кӯлоб  то ин муддат 608 хона  сохта шудааст. Дар хонаҳои боқимонда баъди қабули комиссияи давлатӣ   бӯрёкӯбон  гузаронида  мешавад.

Январь 7, 2011 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард