БА «ИСТИҚЛОЛ» РӮШНОИ МЕДИҲАНД
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Моҳи апрели соли 2011 таҷҳизонидани нақби «Истиқлол» бо асбобҳои равшанидиҳанда ва ҳавокашї оғоз меёбад. Бо ин мақсад, соли гузашта Ҷумҳурии Исломии Эрон 5 млн. доллари амрикої маблағи кӯмаки бебозгашт (грант) ҷудо намуд. Ҳамчунин илова ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷоми корҳо дар нақб дар ҳаҷми 2 млн. доллари амрикої маблағи иловагї ҷудо намуд. Бино ба гуфти вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Олимҷон Бобоев, то ҷашни 20 – солагии Истиқлолияти ҷумҳурї корҳои равшанидиҳї ва ҳавокашї ба анҷом мерасанд. Барои бо сифати баланд анҷом додани корҳо дар нақб ширкати «Sangob» -и ҶИЭ ҷалб шудааст. Ширкати мазкур дар як вақт дар ду иншоот: нерӯгоҳи «Сангтӯда — 2» ва нақби «Истиқлол» корҳоро суръат мебахшад. Боис ба ёдоварист, ки барои амалї шудани лоиҳаи нақби «Истиқлол» ҶИЭ беш аз 31 млн. доллари амрикої сарф намудааст, ки 10 млн. он маблағи бебозгашт (грантї) мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






