БА « ТАҲМОС»- ИЁН АЗ «ХОВАРОН» ЗАМИН МЕДИҲАНД

Январь 24, 2011 17:03

    Душанбе, 24 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Шаҳрдорӣ намегузорад, ки аз тарафи ягон сохтор ё масъул нисбат ба соҳибмулкон ба қонуншиканӣ роҳ дода шавад ё худ ҳуқуқҳои онҳо поймол гарданд», гуфт зимни сӯҳбаташ бо 60 нафар соҳибмулкони маҳаллаи Таҳмоси пойтахт Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки 22 январ ҷиҳати баррасии муроҷиаташон оид ба таъминот бо хонаҳои баробарзиш ва мувофиқаи ошёнаҳои хонаҳои пешниҳодшаванда дар доираи талаботи қонунгузории кишвар қабул намуд.     Доир ба ин масъала аз ҷониби прокурори шаҳр С. Қодиров тартиби муқаррароти қонунгузорӣ ба шаҳрвандон фаҳмонида шуд.    Раиси шаҳр зикр намуд, ки муддати ду рӯз масъулини шаҳрдорӣ ба сокинони маҳалла 22 бинои истиқоматиеро, ки дар онҳо барои кӯчонидани сокинони маҳаллаи Таҳмос хонаҳо пешбинӣ шудаанд, нишон диҳанд ва аз рӯи имкониятҳои воқеӣ ошёнаҳои дархостшаванда пешниҳод шаванд. Илова бар ин баҳри дастгирии иҷтимоии онҳо шаҳрдорӣ омодааст бо таъмини хонаҳои баробарзиш, ки қонунгузорӣ муайян кардааст, ба 57 нафар соҳибмулкони маҳаллаи Таҳмос дар асоси муроҷиаташон аз маҳаллаи Ховарон ба ҳар оила 0, 03 га қитъаи замин барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо намояд Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Ш. Саидов иттилоъ дод.     Бояд зикр кард, ки дар даври аввали бартарафсозии маҳаллаи Таҳмос, ки қитъаи заминаш барои эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ ҷиҳати бунёди Наврӯзгоҳи шаҳрӣ гирифта мешавад, наздики 60 нафар сокинони ин маҳалла кӯчонида мешаванд.

Январь 24, 2011 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад