БАЛАНДШАВИИ НАРХИ ГАЗ ДАР ҚУРҒОНТЕППА

Январь 26, 2011 16:56

    Қурғонтеппа, 26 январ. (АМИТ "Ховар", Мурод Сотиев). –Дар Қурғонтеппа нархи гази табиии маҳаллӣ, ки аз кони гази «Қизилтумшуқ», воқеъ дар 30 километрии шаҳр истихроҷ мешуд, баланд гардид.    Тибқи иттилои роҳбари Корхонаи фаръии байниноҳиявии «Қурғонтеппагаз» Маҳмудҷон Хоркашев дар асоси мактуби Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикнефтгаз ва ангишт» нархи газ қариб 50 фоиз боло рафт. Пеш аз ин ҳар як хоҷагӣ барои ҳазор метри кубӣ газ 295 сомонӣ пардохт менамуд.       Тибқи иттилои роҳбарияти «Қурғонтеппагаз» акнун аҳолии шаҳр барои ҳар метри кубӣ газ 458 сомонӣ маблағ пардохт менамоянд.    Бояд зикр намуд, ки «Қурғонтеппагаз» барои интиқоли ҳазор метри кубӣ гази табиӣ ба корхонаи «Тоҷикнефтгаз ва ангишт» 41 сомонӣ пардохт менамояд.   

Январь 26, 2011 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд