«БАРҚИ ТОҶИК»- «НАРХИ НЕРӮИ БАРҚ БАЛАНД НАШУДААСТ»

Январь 25, 2011 12:25

    Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Шурӯъ аз аввали соли 2011 дар байни мардуми ҷумҳурӣ, махсусан сокинони шаҳри Душанбе овоза дар мавриди баланд шудани нархи нерӯи барқ дар кишвар паҳн гардид. Маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» вазифадор аст арз намояд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи нерӯи барқ баланд нашудаву чун пештара боқӣ мондааст.     «Дар як қатор минтақаҳои кишвар, махсусан дар шаҳри Душанбе дар моҳи декабр аҳолӣ ду ададӣ нархномаи пардохти ҳаққи нерӯи барқ гирифтанд. Ин ба он вобаста буд, ки ШСХК «Барқи Тоҷик» нерӯи барқи тӯли соли 2010 истифода шударо бояд пурра ҳисоб менамуд. Вобаста ба ин нархномаи дуюм барои даҳаи сеюми моҳи декабри соли 2010 буд ва калимаи «қарздорӣ» маънои истифодаи киловатт-соатҳои даҳаи охирини моҳи декабрро дошт».     Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозир Ёдгорӣ хабар дод.  

Январь 25, 2011 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад