«БАРҚИ ТОҶИК» ПАРДОХТИ АНДОЗРО 4,8 МАРОТИБА ЗИЁД КАРД
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Дар соли 2010 Ширкати саҳҳомиву холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ба маблағи 193,6 миллион сомонӣ андозҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро пардохт намуд, ки ин нисбат ба соли 2009 133,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Пардохти маблағи андозҳои ҷумҳуриявӣ дар ин давра аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик» ба маблағи 115,8 миллион сомонӣ таъмин гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 91,9 миллион сомонӣ, ё 4,8 маротиба зиёд мебошад. Хотиррасон менамоем, ки соли 2009 пардохти андозҳо 23,9 миллион сомониро ташкил медод, итиллоъ доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик». Вобаста ба пардохт нагардидани маблағи нерӯи барқ аз ҷониби истифодабарандагон ШСХК «Барқи Тоҷик» то ҳолати 1 январи соли 2011 ба миқдори 292,5 миллион сомонӣ аз андоз қарздор аст. Дар соли 2010 Ширкати саҳҳомиву холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» барои барқи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» 104,4 миллион сомонӣ ё худ дар муқоиса бо соли пеш 57,7 миллион сомонӣ зиёд, барои барқе, ки аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои водии Зарафшон харид мешавад 54,8 миллион сомонӣ ё худ дар муқоиса бо соли пеш 45,1 миллион сомонӣ зиёд, барои лоиҳаҳои инвеститсионӣ 69,9 миллион сомонӣ ё худ дар муқоиса бо соли пеш 45,2 миллион сомонӣ зиёд, инчунин барои таҷдиди НБО-и Норак 12 миллион сомонӣ, барои бунёди нерӯгоҳи хурд 21,1 миллион сомонӣ маблағ пардохт намудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






