«БАРҚИ ТОҶИК» ПАРДОХТИ АНДОЗРО 4,8 МАРОТИБА ЗИЁД КАРД

Январь 22, 2011 09:40

    Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Дар соли 2010 Ширкати саҳҳомиву холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» ба маблағи 193,6 миллион сомонӣ андозҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро пардохт намуд, ки ин нисбат ба соли 2009 133,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Пардохти маблағи андозҳои ҷумҳуриявӣ дар ин давра аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик» ба маблағи 115,8 миллион сомонӣ таъмин гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 91,9 миллион сомонӣ, ё 4,8 маротиба зиёд мебошад. Хотиррасон менамоем, ки соли 2009 пардохти андозҳо 23,9 миллион сомониро ташкил медод, итиллоъ доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик».   Вобаста ба пардохт нагардидани маблағи нерӯи барқ аз ҷониби истифодабарандагон ШСХК «Барқи Тоҷик» то ҳолати 1 январи соли 2011 ба миқдори 292,5 миллион сомонӣ аз андоз қарздор аст.   Дар соли 2010 Ширкати саҳҳомиву холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» барои барқи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» 104,4 миллион сомонӣ ё худ дар муқоиса бо соли пеш 57,7 миллион сомонӣ зиёд, барои барқе, ки аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои водии Зарафшон харид мешавад 54,8 миллион сомонӣ ё худ дар муқоиса бо соли пеш 45,1 миллион сомонӣ зиёд, барои лоиҳаҳои инвеститсионӣ 69,9 миллион сомонӣ ё худ дар муқоиса бо соли пеш 45,2 миллион сомонӣ зиёд, инчунин барои таҷдиди НБО-и Норак 12 миллион сомонӣ, барои бунёди нерӯгоҳи хурд 21,1 миллион сомонӣ маблағ пардохт намудааст.  

Январь 22, 2011 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад