БАРҚИЯИ ҲАМДАРДИИ Э. РАҲМОН БА УНВОНИ Д.МЕДВЕДЕВ

Январь 25, 2011 11:09

              Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  субҳи  имрӯз ба  унвони  Президенти  Федератсияи  Русия  Дмитрий  Медведев  барқияи  ҳамдардӣ  фиристод, ки дар  он,  аз  ҷумла,  гуфта  мешавад:            «Дмитрий  Анатолйевичи  мӯҳтарам,  хабари содир шудани   амалиёти  ваҳшиёнаи террористӣ дар  майдони  ҳавоии «Домодедово» — и  Маскав тамоми  сокинони   Тоҷикистонро  ба  қаҳру  ғазаб  овард. Онҳо  ин амали  террористиро  шадидан  маҳкум  менамоянд. Тавре  ки  маълум  аст,  дар  натиҷаи ин амали террористӣ   одамони  бегуноҳ  ҳалоку  маҷрӯҳ  гардиданд, ки  дар байни онҳо  шаҳрвандони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  низ  ҳастанд.             Ин  воқеа бори  дигар зарурати  ривоҷ додани  ҳамкории ҳамаҷонибаро   барои  тақвияти муборизаи  самарабахш ба  муқобили  ин  зуҳуроти  глобалии бадхоҳӣ  ва барҳам додани  шароитеро таъкид менамояд,  ки  ба  паҳн  гардидани  терроризм  мусоидат   хоҳад  кард.             Дмитрий  Анатолйевич,   аз  Шумо  хоҳишмандам,  ҳамдардии  моро  ба  аҳли оила  ва  хешу таборони  шахсони  ҳалокгардида  бирасонед. Мо  ба  ғаму  андӯҳи  наздикони  ҳалокшудагон  ва  маҷрӯҳгардидагон  шарик  мебошем».             Дар  ин  бора  аз  Хадамоти  матбуоти  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар» хабар  доданд.

Январь 25, 2011 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд