БАРФ ҲАТМАН МЕБОРАД

Январь 4, 2011 16:39

   Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Ҳавосанҷони Тоҷикистон бар ин назаранд, ки барфи ҳақиқии имсола 7 январ меборад.     Тавре аз Муассисаи давлатии ҳавосанҷии назди Ҳукумати чумҳурӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бо боридани барфи аввал ҳаво дар ҷумҳурӣ сахт хунук мешавад. Ин ҳавои хунук ва паст шудани ҳарорати ҳаво дар кишвар ду рӯз идома меёбад.   «Дар маҷмӯъ, имсол дар ҷумҳурӣ зимистони мӯътадил бо хунукиҳои на он қадар зиёд дар назар дошта шудааст»,- зикр намуд манбаъ.    Дар ҳамбастагӣ ба ин гуфтаҳо метавон ҳаминро афзуд, ки субҳи имрӯз сокинони ҷумҳурӣ шоҳиди боридани барфи кӯтоҳмуддат гардиданд.    Дар назар аст, ки рӯзҳои 5-6-ум дар кишвар ҳаво соф, беабр ва бо ҳарорати мӯътадил боқӣ мемонад.

Январь 4, 2011 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад