БАРГУЗОРИИ РӮЗҲОИ НТМ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 26 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шурӯъ аз моҳи апрел дар рӯзҳои истироҳатӣ дар пойтахт Рӯзҳои ноҳияҳои тобеи марказ гузаронида мешавад. Тадбири мазкур дар доираи истиқболи сазовори ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шуда, тибқи қарори Раиси шаҳр амалӣ мешавад. Ин матлаб дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, зикр гардид. Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи иштирокдоронро ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, ки зимни хулосаҳо аз натиҷаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар соли 2010 ба унвони шаҳрдорӣ фиристода шудаанд, нигаронида, илова намуд, ки баҳри татбиқи ҳар кадоми онҳо бо мушаххас сохтани шахси масъул ва мӯҳлати анҷоми корҳо бояд тадбирҳои воқеӣ андешид. Дар ҷаласа, ҳамзамон дигар масоили мубрами ҳаёти хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама баланд бардоштани сифат ва фарҳанги хизматрасонии коммуналӣ, тақвияти корҳои ободонӣ ва ҳифзу нигаҳдошти моликияти ҷамъиятию фонди манзили хусусигардонидашудаи давлатӣ аз ҷониби шаҳрвандон, ҷалби бештари институтҳои шаҳрвандӣ дар татбиқи барномаҳои шаҳрдорӣ баррасӣ гардид.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






