БАРРАСИИ ЛОИҲАИ ҚОНУН ДАР КӮЛОБ

Январь 10, 2011 12:39

    Кӯлоб, 10 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов ). – Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», ки аз ҷониби Сарвари давлат ба муҳокимаи шаҳрвандон пешниҳод гардид, дар корхонаю ташкилот ва муассисаҳои таълимию фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Маорифчиёни шаҳру ноҳияи Кӯлоб низ лоиҳаи қонуни мазкурро дар байни коллективҳои меҳнатӣ муҳокима намуда, қабули онро саривақтӣ мешуморанд. Иштирокдорони ҷамъомадҳо таъкид менамоянд, ки тарбияи фарзанд танҳо вазифаи омӯзгорон набуда, падару модарон вазифадоранд фарзандони худро дар ҳама ҳолат ва ҳамеша дастгирӣ ва назорат намоянд.      Дар ҳамаи ҷаласаҳои падару модарон ва дигар ҳамоишҳо дар доираи муҳокимаи лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қарорҳои дахлдор қабул гашта, волидон андеша ва пешниҳоди худро ба тарзи хаттӣ ба роҳбарияти мактабҳо ирсол менамоянд. 

Январь 10, 2011 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад