БО БУНЁДИ РОҲҲО ИҚТИСОДИЁТИ ҶТ ПЕШ МЕРАВАД

Январь 25, 2011 16:09

    Душанбе, 25 январ. ( АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин).-Бино ба гуфти директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи нақлиётгарди Душанбе-Қулма Қодир Саидов татбиқи лоиҳаи нақлиётгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Душанбе-Данғара яке аз муҳимтарин лоиҳаҳо барои иқтисодиёти ҶТ ба ҳисоб меравад.     Мавсуф зикр намуд, ки ин шоҳроҳи байналмиллалӣ буда, дар ҷануб вилояти Хатлонро бо вилояти Бадахшони Кӯҳӣ ва баъдан бо шоҳроҳи Кароқуми Ҷумҳурии Халқии Хитой мепайвандад.    Роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма, қитъаи Душанбе-Данғара ба ду марҳила ҷудо шудааст, ки ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ҳар ду марҳила босуръат идома доранд.   Дар охир Қодир Саидов гуфт, ки мақсад аз татбиқи лоиҳаи мазкур мусоидат намудан ба рушду нумӯи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҶТ дар қисматҳои ҷанубу ғарбии кишвар ҷиҳати таҷдид ва барқарор намудани роҳи нақлиётгарди Душанбе-Қулма ва қитъаи Душанбе-Данғара ва дигар иншоти ёрирасон мебошад. 

Январь 25, 2011 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд