БОЛОРАВИИ НАРХ ПЕШГИРӢ МЕГАРДАД
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). –Бо мақсади пешгирии баландшавии нархи маҳсулоти кишоварзӣ бо супориши раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳисоби буҷаи шаҳр барои хариди маҳсулоти кишоварзӣ аз деҳқон маблағи муайян ҷудо гардид. Тибқи супориши шаҳрдорӣ, роҳбарияти бозорҳои шаҳр вазифадор гардиданд, ки маблағи аз буҷаи шаҳр ҷудошударо барои хариди маҳсулоти кишоварзӣ истифода намуда, нархро дар бозорҳои пойтахт то 30 фоиз коҳиш диҳанд. Айни замон, бо супориши шаҳрдорӣ комиссияи депутатии шаҳрӣ оид ба худсарона боло бурдани нархи маҳсулот дар бозорҳои шаҳр назорат мебарад. Гурӯҳи депутатӣ нафақат нархро дар бозор танзим менамояд, балки назорати нархгузориро ба тарзи доимӣ ба роҳ монда, ба шаҳрдорӣ дар давоми ҳар ҳафта аз кори анҷомдода ҳисобот медиҳад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






