БОЗ ШАШ БАНКОМАТ ДАР ХИЗМАТИ МИЗОҶОН
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Бо мақсади беҳтар намудани вазъи хизматрасонӣ тавассути кортҳои пулӣ дар ҷумҳурӣ ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» шумораи банкоматҳоро зиёд менамояд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» намояндаи маркази матбуоти «Тоҷиксодиротбонк» Қурбоналӣ Восиев хабар дод: «аз ҷониби бонки мо боз шаш банкомати нав дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ҷойгир гардид, ки онҳо ба мизоҷон шабонарӯзӣ хизмат менамоянд». Ҳамчунин, роҳбарияти бонк ният дорад, ки дар рӯзҳои наздик боз 11 банкомати дигарро насб намояд. Зикр кардан бамаврид аст, ки то ин муддат «Тоҷиксодиротбонк» дар вилояти Суғд 5 банкомат, дар вилояти Хатлон 5 ва дар ВМКБ ду банкомат ҷойгир намудааст. «Мо ният дорем, ки то охири соли 2011 тамоми шаҳру вилоятҳоро бо банкоматҳои худ таъмин намоем»,- илова кард Қ. Восиев.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






