БОЗ ЯК ҚОНУНИ САРИВАҚТӢ ҚАБУЛ МЕГАРДАД
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти доктори илмҳои педагогӣ, академики Академияи маорифи Тоҷикистон Файзулло Шарифзода, қабули қонуне, ки ба урфу одат ва хусусиятҳои миллии мо асос ёфтааст ва аз ҳуқуқҳои табии инсон сарчашма гирифта, ба зиндагии мардум созгор мебошад, дар рушди зеҳнии насли солиму созанда нақши муҳимро иҷро менамояд. Бо ин мақсад ва ба хотири боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, инчунин худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои милливу умумибашарӣ, риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими фарзанд» ба муҳокимаи мардуми кишвар пешниҳод шудааст, ки мақсади он пурзӯр намудани масъулияти падару модарон дар таълим ва тарбияи фарзандон ва пойдории оила иборат мебошад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






