БОЗДОШТИ МОЛҲОИ ҒАЙРИАКСИЗӢ
Суғд, 4 январ.(АМИТ «Ховар», С. Юсуфӣ).- Кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мутахассисони Раёсати андоз дар вилояти Суғд баҳри иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 583 аз 31 декабри соли 2003 «Дар бораи тамғаҳои аксизӣ барои маҳсулоти тамоку ва машрубот» рейди муштарак гузарониданд. Санҷиш нишон дод, ки дар 15 нуқтаи савдо ва фурӯши маҳсулоти зераксизии ноҳияҳои вилояти Суғд, дар маҷмӯъ ба миқдори 10,640 дона машруботи спиртии дар зарфҳои ғунҷоишашон ҳархела ҷойгирбуда фурӯхта мешудаанд, ки маблағи 63 840 сомониро ташкил дода, бе тамғаи аксизӣ, бе борхат ва сертификати сифати мутобиқати мол буданд. Пас аз гузаронидани санҷиш ин машрубот аз муомилот ва фурӯш боздошта шуданд. Аз ин миқдор машруботи спиртӣ 10418 ададаш машруботи спиртии корхонаҳои дохили ҷумҳурӣ буда, 181 адади он ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва 41 адади дигар ба Федератсияи Руссия тааллуқ доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






