БОЗДОШТИ ТОҶИРИ САНГҲОИ ҚИММАТБАҲО
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 25 январ дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус истиқоматкунандаи кӯчаи Борбад, хонаи 8, ҳуҷраи 29 Маҳмаднабӣ Ниёзмаҳмадовро бо гумони хариду фурўши ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо дастгир карданд. Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз М. Ниёзмаҳмадов 19 адад сангҳои табиии қимматбаҳо гирифта шуд, ки мувофиқи маълумотномаи нозироти давлатии назди Вазорати молияи ҷумҳурӣ 28,5 грамми он санги табиии «Ёқут» буда, арзишашон 6750 сомониро ташкил медиҳад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






