БОЗЁФТИ ИХТИРОЪКОРОНИ ҶАВОН

Январь 12, 2011 11:47

   Душанбе, 12 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 140 номгӯй ихтироот ва лавҳаву овезаҳо дар озмуни «Ихтироъкорони наврас» роҷеъ ба «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» пешниҳод шуданд.    Ғолибони бахшҳои даври ҷумҳуриявии озмун, ки сазовори ҷойҳои якум гардида буданд, бо тавсияномаҳои вазорати маорифи ҷумҳурӣ бе супоридани имтиҳон ба ҳайси донишҷӯ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ шомил гардиданд.  Аз вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамзамон дар озмуни телевизионии «Бозёфт-2010», ки миёни ҷавонону наврасон баргузор гардид, ғолибони он бо тӯҳфаю мукофот сарфароз гардиданд. Ҳадафи озмун бозёфти истеъдодҳо ва ихтироъкорони ҷавон ва ташаккули донишҳои наву замонавии наврасон буд. Мавриди зикр аст, ки озмуни мазкур бо ташаббуси муассисаи давлатии «Телевизиони наврасону кӯдакон –Баҳористон» ва дастгирии вазорати маорифи кишвар гузаронида шуд.

Январь 12, 2011 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд