БУНЁДИ 9 МАЙДОНИ НАВИ ФУТБОЛ
Душанбе, 5 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар шаҳраку маҳаллаҳои гуногуни пойтахт 9 майдони замонавии варзиширо барои бозии футбол бунёд созад. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, майдонҳои муосири варзишӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр бунёд шуда, бо алафи сунъӣ рӯйпӯш мегарданд. Ин тадбири шаҳрдорӣ қадами ҷиддиест дар роҳи рушди варзиш дар пойтахт ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки зимни вохӯрияшон бо варзишгарони кишвар баён намуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






