БУНЁДИ БИНОИ СУД ДАР ВАНҶ
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). –Сохтмони бинои нави суд дар ноҳияи Ванҷ босуръат идома дорад. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ба анҷом расидаанд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар маҷмӯъ барои сохтмони бинои мазкур лоиҳаи нақшавӣ-сохтмонӣ ба маблағи 1 миллиону 30 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Бинои суд соли ҷорӣ мавриди истифода қарор мегирад. Ёдовар мешавем, ки бинои суди ноҳияи Ванҷ бар асари заминларзаи соли 2010 зарар дид ва дар асоси Қарори раиси ноҳияи мазкур аз 4-уми июни соли 2010 қитъаи замин барои сохтмони бинои нави суд ҷудо гардид. Тибқи суханони манбаъ айни замон сохтмони бинои нави суд дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон низ тибқи нақшаи тартибдодашуда ба маблағи 911 ҳазор сомонӣ ҷараён дорад ва то ин муддат корҳои сохтмонӣ ба маблағи 900 ҳазор сомонӣ анҷом ёфтаанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






