ДАР ЛОЙБОЗИАНД ҶАВОНОНИ МО ҲАНӮЗ
Душанбе, 22 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Риш мондан худ тарзи хос, зебоӣ ва нигоҳубинро мехоҳад»,- гуфт Раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе. Мавсуф афзуд, ки дар ин масъала таҷрибаи Туркия мисоли барҷаста шуда метавонад. Ин кишвар, ки дорои 85 ҳазор масҷид аст, ба ин масъала аз дидгоҳи равандҳои ҷомеаи дунявӣ муносибат менамояд. Моҳиятан Туркия дар назару ақидаи мазҳабӣ ва сохтори давлатдорӣ ба ҷомеаи Тоҷикистон наздикӣ дорад. Агар мо хоҳем Ислом ва арзишҳои онро, ки хеле олианд, дар рӯзгори худ ба таври воқеӣ инъикос намоем, пас бояд аз кӯркӯрона рафтор намудан канора ҷӯем, қаблан ботин ва маънавиёти худро бо гуфтори нек, рафтори нек ва кирдори нек ғанӣ гардонем. Метавон бо таъмини рӯзгори осоишта, ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ, қадр кардани занону модарон, тарбияи дурусти фарзандон, ки рисолати ҳар фарди мусулмон ва аз арзишҳои бузург дар Ислом ба шумор меравад, дини мубини исломро хубтар муаррифӣ созем.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






