ДАРГУЗАШТИ ЗАНЕ, КИ ҚАҲРАМОНИ МЕҲНАТ БУД
Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 14 январи соли 2011 дар синни 88 солагӣ дили зани номдори кишвар, деҳқони забардаст, ташкилотчии моҳири соҳаи кишоварзӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Устоди пахта, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ раиси хоҷагии «Москва»-и шаҳри Конибодом Энаҷон Бойматова аз задан бозмонд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд. Энаҷон Бойматова 1-уми январи соли 1923 дар деҳаи Пӯлодони шаҳри Конибодом, дар оилаи косиб ба дунё омада фаъолияти меҳнатиашро соли 1937 дар колхози ба номи Чапаев ҳамчун колхозчӣ оғоз намуда, дар кӯтоҳтарин муддат бо хислатҳои наҷиб, чашмикордонӣ ва дилбастагиаш ба замину пахтакорӣ дар байни ҳамкорон соҳибэҳтиром ва машҳур гардид. Ин зани меҳнатдӯст солҳои 1957 — 1985 ба ҳайси раиси колхози «Москва» фаъолият намуда, тавассути нишондодҳои баланди истеҳсолӣ, рушди соҳаи пахтакорию чорводорӣ на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ номдору шӯҳратманд гардид. Ҳамаи комёбиҳову дастовардҳои меҳнатии кишоварзони хоҷагии номдори «Москва»-ро бе номи мубораки Энаҷон Бойматова тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар солҳои роҳбарии ин зани заҳматкашу меҳнатқарин зиёда аз 2 ҳазор гектар замини бекорхобида, ҳазор гектар замини паҳлӯи канали калони Фарғона ва 900 гектар замини бекорхобидаи лаби дарёи Сир обёрӣ ва бо дастгириву ташаббуси ӯ пойгоҳи обкашии «60-солагии СССР» сохта ба истифода дода шуд. Энаҷон Бойматова барои фаъолияти меҳнатӣ бо унвонҳои олӣ, 5 ордени Ленин, орденҳои Револютсияи Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат, Дӯстии халқҳо ва медалу ифтихорномаҳои зиёд сарфароз гардида, борҳо ба вакилии Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудааст. Ҳанӯз соли 1994 хоҷагие, ки Энаҷон Бойматова солҳои тӯлонӣ ба он сарварӣ мекард, номи ин зани барӯмандро гирифт. Хотираи дурахшони инсони нексиришт ва фидоии меҳнат Энаҷон Бойматова дар дили халқ абадӣ хоҳад монд — омадааст дар номаи тасаллияти роҳбарияти вилояти Суғд ва ходимони сиёсиву ҷамъиятии он.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






