ДАРОМАДИ ОРИЁНБОНК МЕАФЗОЯД
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар ҶСК «Ориёнбонк» ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти молиявии бонк дар соли 2010 баргузор гардид, ки дар рафти он ҳисоботи cолонаи ҳамаи филиалҳо баррасӣ шуд. ҶСК «Ориёнбонк» дар соли ҳисоботӣ ба маблағи 253,3 млн. сомонӣ даромад ба даст овард, ки назар ба соли гузашта 7 млн. сомонӣ ё ин ки 2,8% зиёд мебошад. Активҳои бонк то санаи якуми январи соли 2011 1440,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта ба маблағи 305,6 млн.сомонӣ афзудааст. Сандуқи қарзии бонк дар давраи ҳисоботӣ 546,5 млн.сомониро ташкил намуд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 173,1 млн.сомонӣ камтар мебошад. Сармояи танзимшавандаи бонк то якуми январи соли равон ба 211,8 млн. сомонӣ расиданд. Сармояи оинномавӣ бошад 204,1 млн.сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба давраи соли гузашта 8,8 млн.сомонӣ зиёд шуд Тавассути нуқтаҳои интиқоли маблағҳои Ориёнбонк, ки 103 ададро ташкил менамоянд, соли 2010 ба маблағи умумии 452,8 млн.доллари ИМА маблағҳои интиқолӣ ба ҷумҳурӣ ворид гардид ва ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 116,9 млн.доллари ИМА ё 35,0% зиёд мебошад. Маблағҳои интиқолии аз ҷумҳурӣ содиршуда дар соли 2010 – 730,3 млн.доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 396,8 млн.доллари ИМА, ё ин ки 119% зиёд шуданд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






