ДАРЁФТИ ИСТЕЪДОДҲОИ НАВ ДАР СУҒД

Январь 31, 2011 17:14

Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конфронси ХII-уми илмии олимон ва муҳаққиқони ҷавони вилояти Суғд баргузор гардид. Конфронси мазкур бо мақсади дастгирии олимон ва муҳаққиқони ҷавон, тарғиби ҷавонон ба илм, донишандӯзӣ, дарёфти истеъдодҳои нав роҳандозӣ шудааст. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин конфронс зиёда аз 200 нафар устодон, олимон ва муҳаққиқони ҷавони донишгоҳҳои олии маркази вилоят иштирок намуда, маърӯзаҳои илмӣ карданд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба 10 нафар олимон ва муҳаққиқони ҷавон барои маърӯзаҳои илмии беҳтарин аз рӯи бахшҳои физика ва риёзиёт, таърих ва фанҳои ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят супорида шуд.          Инчунин мақолаҳои беҳтарини олимони ҷавон таҳти унвони «Дар пайроҳаи илми муосир»  дар шакли китоб ба табъ расида,  ба ҳамаи  муаллифон супорида шуд.    

Январь 31, 2011 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад