ДАСТГОҲИ НАВ ДАР ФУРУДГОҲ
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).-Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар қатори таъмини амнияти парвозҳо, таъмини амнияти мусофирон, бор ва бағоҷи онҳо барои таъмини саломатии мусофирон низ тадбир меандешанд. Барои ташхиси вазъи саломатии кормандони соҳа ва пешгирӣ аз ҳар гуна касалиҳои сироятӣ дар фурудгоҳ бунгоҳи тиббӣ ва нуқтаи махсуси назорати санитарӣ фаъолият мекунанд. Барои сари вақт расонидани ёрии таъҷилӣ ба мусофирон дар ҳамкорӣ бо маркази тиббии «Саломатӣ» тасмим гирифта шуд, ки дар толори гусели мусофирон дастгоҳи тозаихтирои бакордарорандаи қалб «Дейфибрилятор» насб шавад. Дастгоҳи тиббӣ нархи гарон дошта, бо дастгирии сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон дастрас гардид, гуфт дар сўҳбат сардори Маркази тиббии «Саломатӣ» Намоз Исмоилов. Дастгоҳи мазкур дар ҳолатҳои ба хатар мувоҷеҳ шудани мусофир оҷилан аз ҷониби кормандони фурудгоҳ мавриди истифода қарор мегирад. Вобаста ба ин ба чанде аз кормандони Хадамоти амнияти авиатсионӣ ва кормандони Шўъбаи корҳои дохилии дар фурудгоҳ фаъолияткунанда тарзи истифодабарии дастгоҳ омўзонда шуд ва ин кормандон метавонанд дар ҳолатҳои зарурӣ аз дастгоҳи «Дейфибрилятор» истифода намоянд. Дар назар аст, ки фардо бо иштироки сафири Амрико дар Тоҷикистон ва кормандони маркази тиббии «Саломатӣ» дастгоҳ насб шуда, барои истифодабарӣ ба фурудгоҳ супорида шавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






