ДАСТОВАРДҲОИ ПОЙТАХТ ДАР СОЛИ 2010 НАЗАРРАС БУДААСТ

Январь 17, 2011 09:25

  Душанбе, 17 январ.АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). Рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахт дар ҷаласаи ҷамъбастии шаҳрдорӣ, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки фаъолон ва намояндагони институтҳои шаҳрвандии шаҳр ва воситаҳои ахбори омма баргузор гардид, баррасӣ шуд.  Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар соли 2010 ҷиҳати татбиқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр, ки ба густариши ислоҳот дар соҳаҳои хоҷагии шаҳр ва инфраструктураи он, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ нигаронида шуда буданд, равона намудааст.  Дар соли 2010 маҳсулоти умумии минтақавии пойтахт 5201,4 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 209, 8 миллион сомонӣ молҳои истеъмолии халқ истеҳсол шудааст. Тибқи нишондодҳои оморӣ ҳаҷми умумии даромади шаҳр дар 11 моҳи соли 2010 817,1 миллон сомониро ташкил дод. Инчунин, дар 11 моҳи соли 2010 буҷаи шаҳр 535, 9 миллион сомонӣ ё 116,9 % иҷро гардидаст.   Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳр дар ҷаласа муовини аввали Савазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов ва раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Абдулло Ёров ширкат доштанд.

Январь 17, 2011 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад