ДАСТОВЕЗИ ВАЗОРАТ БА НАВРӮЗ

Январь 13, 2011 12:41

  Душанбе, 13 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар остонаи ҷашни Наврӯз толибилмони тоҷик соҳиби боз як китоби дарсӣ «Баёзи адабиёт» мегарданд. Китоби мазкур аз ҷониби кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳия гардида, ба чоп супорида шудааст.  Назар ба иттилои вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов «Баёзи адабиёт» дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон дар бахши маориф таҳия шуда, хароҷоти нашри китобро Вазорати омӯзиш ва парвариши Эрон пардохт менамояд. Китоб, ки бо ҳуруфи ниёкон нашр мегардад, барои толибилмони синфҳои 8-9-10 ва 11 –и тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар тавсия мешавад.   Абдуҷаббор Раҳмонов афзуд, ки бо нашр шудани китоби мазкур бо ҳуруфи форсӣ толибилмони тоҷик имкон доранд, осори безаволи нобиғаҳои оламшумули адабиёти тоҷику форс- ашъори нотакрори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Хайёму Бедил ва амсоли онҳоро бо ҳуруфи форсӣ мутолиа намоянд. Нашр гардидани китоби «Баёзи адабиёт» барои хонандагон заминаи омӯзиши хатти ниёконро фароҳам меорад.   Ҳамзамон вазир гуфт, ки алҳол дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат, хусусан зинаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз синфи 4 то 7 омӯзиши алифбои ниёгон ба роҳ монда шудааст.

Январь 13, 2011 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд