ДЕҲОТ РУШД МЕКУНАНД
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин).- Тибқи иттилои директори муассисаи давлатии Маркази идоракунии лоиҳаи «Рушди деҳот» Усмон Сабзов бо дастгирии Ҳукумати ҶТ ва Бонки Рушди Осиё дар ҳамкорӣ бо вазорату ташкилот ва кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ лоиҳаҳои зиёд мавриди татбиқ қарор гирифта, маблағи лоиҳавӣ самаранок, мақсаднок ва ба тарзи шаффоф ба нафъи аҳолии кишвар истифода мешавад. Мақсади асосии лоиҳаи «Рушди деҳот» пеш аз ҳама дастгирии соҳаи кишоварзӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, мустаҳкам намудани инфрасохтори маҳал, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот, ривоҷи соҳибкорӣ ва тиҷорати кишоварзӣ, беҳтар намудани ҳолати муҳити зист, бо ҷои кор таъмин намудани аҳолии деҳот мебошад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






