ДМТ БА СИСТЕМАИ КРЕДИТӢ МЕГУЗАРАД

Январь 25, 2011 12:33

   Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон то имрӯз ҷараёни таълим дар миёни 69 ихтисоси роиҷи донишгоҳӣ аз рӯи 40 ихтисос, дар маҷмӯъ дар 74 гурӯҳи академӣ таҳсили 2011 нафар донишҷӯ бо истифода аз низоми кредитӣ амалӣ гашта истодааст. Дар ин бора ректори ДМТ Нуриддин Саидов дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.     Ӯ гуфт, ки шурӯъ аз оғози соли таҳсили 2010-2011 тамоми ихтисосҳои факултетҳои механикаю математика, физика, химия, геология, биология, фалсафа, забон ва адабиёти рус, ихтисосҳои навтаъсиси идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, бостоншиносӣ аз рӯи низоми таҳсилоти кредитӣ ба тадрис фаро гирифта шудаанд.    Роҷеъ ба равобити хориҷӣ ва байналмилалии донишгоҳ Н. Саидов афзуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 100 донишгоҳи хориҷи кишвар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. 

Январь 25, 2011 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад