ДОДАНИ ПОРА ҲАМ ҶИНОЯТ АСТ

Январь 12, 2011 13:57

   Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- «12 ҳолати додани пора ба кормандони прокуратура, ки маблағи аз 500 то 15 000 доллари амрикоиро ташкил медод, дар соҳаи мубориза бо коррупсия ошкор гардида, порадиҳандагон дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд», — қайд кард Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина дар нишасти матбуотие, ки дар шаҳри Душанбе гузашт.    Мақомоти тафтишот ва таҳқиқ дар маҷмӯъ тафтиши 7485 парвандаи ҷиноиро ба анҷом расониданд, ки аз ин 6864 парванда ба суд ирсол шуда, 621 парванда қатъ гардидааст.      Муфаттишони мақомоти прокуратура тафтиши пешакии 114 парвандаи ҷиноятии марбут ба одамкуширо ба итмом расонида, ба суд ирсол намуданд. Инчунин ҷиноятҳои қатли одамон, ки солҳои гузашта рух дода буданд, ошкор гардиданд,- иброз намуд Прокурори генералии ҷумҳурӣ. 

Январь 12, 2011 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд